Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносномаи тоҷикии як ифротгарои узбак


Як муҳоҷири узбакистонӣ бо шиносномаи тоҷикӣ дар Русия боздошт шудааст. Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ки ин фарди 56-соларо бар асоси дархости Интерпол ба иттиҳоми фаъолиятҳои террористӣ боздошт кардаанд. Ин мард дар яке аз муассисаҳои сохтмонии шаҳри Санкт-Петербург кор мекардааст ва дар лаҳзаҳои аввали боздошт шиносномаи тоҷикияшро нишон дода ва худро низ шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.

Баъдан ӯ эътироф кардааст, ки шиносномааш сохта буда ва худаш шаҳрванди Узбакистон аст. Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Узбакистон дар робита “ба фаъолияти террористӣ, таҳдид ба низоми конститутсионӣ, ширкат дар созмонҳои динӣ, тундрав, ҷудоихоҳу бунёдгаро ва паҳн кардани адабиёти мазмуни тундравидошта” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG