Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав ба Эрон мушакҳои зиддиҳавоӣ медиҳад


Мушакҳои S 300

Мушакҳои S 300

Маскав интизор аст, ки қабл аз поёни соли ҷорӣ ба Эрон фиристодани мушакҳои пешрафтаи S 300 –и зидди ҳавоиро ба Эрон фиристад. Дар ин бора як мақоми расмии Русия хабар дод.

Владимир Кожин-мушовири раиси ҷумҳури Русия дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории интерфакси ин кишвар 25 ноябр гуфт, баъзе аз қисматҳои ин мушак соли ҷорӣ ба Эрон дода мешавад ва қисматҳои бештари он дар соли ояндаи 2016 интиқол хоҳанд ёфт.

Кожин гуфт, “ин кор ба тавоноии саноати мо иртибот дорад”. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар аввали моҳи ҷорӣ фармонеро имзо кард ва манъи содироти таҷҳизоти низомӣ ба Эронро соддатар намуд.

Ин кор дар посух ба тавофуқоти Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар бораи маҳдудияти барномаҳои ҳастаиаш сурат гирифт. Маскав ва Теҳрон аз солҳо ба ин сӯ дар бораи мушаки зидди ҳавоии S 300 бо ҳам музокира мекунанд. Саранҷом 9 ноябри соли ҷорӣ дар бораи ин мушакҳо Маскав ва Теҳрон қарордод имзо карданд.

XS
SM
MD
LG