Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров: Суқути ҳавопаймо "таҳрики барномарезишуда" буд


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, задани ҳавопаймои низомии Русия дар имтидоди марзи Сурияву Туркия зоҳиран “таҳрики барномарезишуда” буд ва Анкара –ҳампаймони НАТО талош дорад ин амали нируҳои ҳавоии кишварашро пинҳон кунад.

Лавров ин суханонро дар Маскав 25 ноябр баъд аз як рӯзи задани ҳавопаймо ба рӯзноманигорон изҳор дошт. Як халабони ин ҳавопаймои русӣ кушта шудааст.

Лавров мегӯяд, НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо “таҳқиқоти аҷиб” анҷом додаанд ва изҳори пушаймонӣ накардаанд ва таслият ҳам нагуфтаанд. Маскав мегӯяд, ки ин кор қасдан анҷом нагирифтааст ва Русия дар бораи он мавод ҷамъоварӣ кардааст ва онро дар ихтиёри маҳофили байналмиллалӣ қарор хоҳад дод.

Лавров гуфт, ки Маскав барои фиристодани дипломатҳои худ ба Туркия ва қабули ҳайатҳои баландпояи Туркия ҳеҷ нақшае надорад. Аммо Мевлут Човушоғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия гуфт, ки вай телефонӣ бо Лавров гуфтугӯ кардааст ва онҳо ба тавофуқ расидаанд, ки дар ояндаи наздик бо ҳам мулоқот кунанд.

XS
SM
MD
LG