Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрдуғон: Туркия вазъро ташдид намебахшад


Раҷаб Тайип Эрдуғон

Раҷаб Тайип Эрдуғон

Туркия талош хоҳад кард, то вазъ дар робита бо суқути ҳавопаймои бомбафкани Су 24-и Русия ташдид наёбад, вале дар оянда низ марзҳои худро ҳифз хоҳад кард. Дар ин бора Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия дар як ҳамоиши иқтисодӣ дар Истамбул изҳори ақида кард.

Вай ҳамзамон ёдоварӣ кард, ки ин ҳавопаймо дар ҳарими ҳавоии Туркия зада шудааст. Дар ин бора пораҳои ҳавопаймо гувоҳӣ медиҳад. Эрдуғон ҳамчунин таъйид кард, ки дар минтақаи парвози ҳавопаймо тундравҳои Давлати Исломӣ фаъолият намекарданд.

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон пештар аз Эрдуғон хост, ки баъд аз суқути ҳавопаймои Русия барои коҳиши ташаннуҷ ҳамаи тадбирҳоро рӯи даст бигирад. Дар ин бора маҷаллаи олмониии Focus хабар додааст.

Ҳавопаймои бомбафкани Су 24-и Русия рӯзи 24 ноябр дар марзи миёни Туркияву Сурия тавассути ҳавопаймои шикории F 16-и Туркия зада шуд.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия суқут додани ҳавопайморо “ханҷаре ба тахтапушт” номид.

XS
SM
MD
LG