Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се шаҳрванди Молдова дар миёни асирон ҳастанд


Ҳукумати Молдова мегӯяд, се шаҳованди он дар миёни ононе мебошанд, ки Толибон баъд аз суқути чархбол дар шимоли Афғонистон боздошт кардаанд.

Георгий Брега-иҷрокунандаи мақоми нахуствазири Молдова 25 ноябр гуфт, ки се сарнишини чархбол, яъне 2 халабон ва як муҳандиси чархболи ғайринизомӣ шаҳрвандони Молдова буданд, ки дар миёни бедаракшудагон мебошанд.

24 ноябр ин чархбол дар ҳолати садамавӣ бо душвориҳои фаннӣ дар вилояти Форёб ба замин нишаст. 21 нафар дар чархбол нишаста буданд. Бино ба гузоришҳо, ду афғон ва як шаҳрванди хориҷӣ дар даргирӣ бо тундравҳои Толиб ба қатл расидаанд.

Баъдтар мақомоти Толибон иддао карданд, ки 15 нафар аз мусофирони ин чархболро боздошт кардаанд ва агар “нируҳои артиш талошҳо барои раҳоии онҳоро қатъ накунанд, онҳо кушта хоҳанд шуд.

Мақомоти Афғонистон бовар доранд, ки 18 нафар дар гаравгонии Толибон қарор доранд. Манобеи пулиси Афғонистон гуфтанд, ки дар миёни бедаракшудагон ду сарбози хориҷӣ низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG