Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати давлатии “Газпром”и Русия интиқоли газ ба Украинаро боздоштааст. Сабаб ин аст, ки гӯё Киев наметавонистааст нархи газро пешпардохт кунад.

25 ноябр Алексей Миллер-раиси “Газпром” гуфт, то замони пешпардохти нарх интиқоли газ боздошта мешавад. Вай гуфт, даст кашидани Украина аз харидории гази Русия “барои интиқоли газ ба Аврупо хатар пеш меорад”.

Қатъи интиқоли газ дар ҳоле рух додааст, ки бештар аз ду моҳ пеш Русияву Украина бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо созишеро дар бораи интиқоли газ то моҳи март ба имзо расонда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG