Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон" дар Ашқобод


Рӯзи 24 ноябр дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон, ҷаласаи даҳуми мансабдорони сатҳи болои "Гуфтугӯи Осиёи Марказӣ+Ҷопон" баргузор шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон, дар ҷаласаи Ашқобод муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Ҷопон иштирок карданд.

Тарафҳо дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва боркашонӣ ва истифодаи технологияҳои муосири ҷопониро дар иҷрои чунин тарҳҳо баррасӣ кардаанд. Ҷаласаи навбатии "Гуфтугӯи Осиёи Марказӣ + Ҷопон" соли оянда дар шаҳри Токиои Ҷопон барпо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG