Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми "нарм"-и қорӣ Рашод ду баробар бештар шуд


Uzbekistan - Rashod Qori Kamolov of Karasu, undated

Uzbekistan - Rashod Qori Kamolov of Karasu, undated

Додгоҳ дар Қирғизистон муҳлати ҳабси имом Рашод Қорӣ Камоловро "нарм" шумурд ва ду баробар бештар кард.

24 ноябр додситони шаҳри Ӯш изҳор дошт, ки ҳукми аввалияи имом бо дастури додситони вилоятӣ бозбинӣ шудааст. Додгоҳи ноҳияи Ӯши Қирғизистон 7 октябр имом Рашод Қорӣ Камоловро дар барангехтани адовати динӣ, паҳн кардани матлабҳои тундгароёна гунаҳкор ҳисобида, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Додситони вилоятӣ аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурд ва муҳлати зиндони имом ба даҳ сол расонида шуд.

Рашод Қорӣ Камолови 37-сола, ки ӯзбектабори Қирғизистон аст, имоми масҷиди «Ас-Сарахсӣ»-и вилояти Ӯш буд. Камолов моҳи феврали соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шуд. Вай иттиҳомоти эълоншударо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG