Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: Су-24-ро мушаки ҳавопаймои ҷангии Туркия зад


Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, ки ҳавопаймои низомии Су-24 ҳангоми бозгашт ба пойгоҳи ҳавоии Хмеймим дар Сурия бо зарби мушаки ҳавопаймои ҷангии F-16-и Туркия сарнагун шудааст.

Ин ҳодиса дар ҳарими ҳавоии Сурия рух дода, ҳарими ҳавоии Туркия вайрон карда нашудааст, иддао дорад вазорати мудофиа.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Туркия изҳор медорад, ки ҳавопаймои русӣ баъд аз он ҳадаф гирифта шуд, ки ҳарими ҳавоии кТуркияро вайрон кард ва чанд ҳушдорро нодида гирифт. Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу гуфт, ки дар чунин ҳолат кишвар ҳақ дорад, худро дифоъ кунад.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин суқути ҳавопаймои русии Су-24-ро “зарбае аз тахтапушт” унвон кард. Раҳбари ВКХ ФР Сергей Лавров сафар ба Истамбул ва дидор бо ҳамтои туркаш Фаридун Синирлиоғлуро лағв кард.

XS
SM
MD
LG