Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суҳбати Обама ва Олланд дар бораи қазияи Су-24


Президентҳои ИМА ва Фаронса Барак Обама ва Франсуа Олланд ҳушдор доданд, ки бояд аз ташаннуҷи вазъият дар атрофи маҳви ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия аз сӯйи Туркия дар марзи миёни Сурия ва Туркия пешгирӣ шавад.

«Туркия чун ҳар кишвар ба ҳимояи қаламрав ва ҳарими ҳавоии худ ҳақ дорад», - изҳор дошт 24 ноябр Барак Обама дар нишасти матбуотии муштарак бо Франсуа Олланд дар Кохи сафед. “Ҳоло мушшахас кардани ин нукта муҳим аст, ки русҳо ва туркҳо бо ҳамдигар музокирот дошта бошанд, то рӯшан кунанд, ки дар асл чӣ ҳодиса рух дод ва барои пешгирӣ аз ташаннуҷи вазъият ҳама корҳо анҷом дода шаванд”, - афзуд Обама. “Мо бояд аз ташаннуҷи вазъ пешгирӣ кунем”, - гуфт Олланд. “Ин кор бисёр хатарноку тахрибовар мешавад”, - зикр кард раиси ҷумҳури Фаронса.

Президенти ИМА Барак Обама изҳор дошт, ки Амрико ва Фаронса дар мубориза бо терроризм «шариканд» ва афзуд, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва ақоиди он «барои ҳама таҳдиди ҷиддӣ дорад».

Олланд изҳор дошт, ки марзи миёни Туркия ва Сурия бояд зуд баста ва бо ин аз вуруди террористҳо ба Аврупо пешгирӣ шавад. Раиси ҷумҳури Фаронса афзуд, ки вай ва Обама тавофуқ карданд, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои “ДИ” дар Сурия ва Ироқ тақвият дода шаванд.

XS
SM
MD
LG