Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти корманди Оҷонсии омор барои "қаллобӣ"


Як корманди сарраёсати Оҷонсии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сӯи кормандони Оҷонсии зидди фасод Тоҷикистон боздошт шудааст. Эркин Назаров, сухангӯи Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 25 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони ин ниҳод рӯзи 6 ноябр Бахтиёр Азаматов, мудири хоҷагии сарраёсати Оҷонсии омори Суғдро, ки барои ба ҳаҷ фиристодани як зан, аз яке аз наздикони ӯ 2000 доллари амрикоӣ ва 13800 сомонӣ дарёфт карда, вале ӯро ба ҳаҷ нафиристодааст, боздошт карданд. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ, зарари расонидашуда дар ҳаҷми ду ҳазор доллари амрикоӣ ва 13800 сомонӣ баргардонидаш шуд. Ҳамакнун алайҳи ин корманди Оҷосии омор парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG