Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ӯзбакистон афсари милитса худкушӣ кард


Капитани милитсияи шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканд даст ба худкушӣ задааст.

Як манбаъи бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки 20 ноябри соли ҷорӣ Шарофиддин Темиров,афсари милитсия дар маҳали кор бо таппончаи хидматӣ ба пешонаи худ тир задааст. Ҳамакнун додситонии ноҳия иллати ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Зимнан, рӯзи 19 августи соли гузашта Радиои Озодӣ аз худкушии муҳофизи раиси ҷумҳури Ӯзбакистон хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG