Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Русия рӯзи 24 ноябр ҳукми додгоҳи Олеҳ Сентсов ва Олександр Колченкоро бетағйир гузошт. Додгоҳи низомии минтақаи Қафқоз дар шаҳри Ростови соҳили Дони Русия моҳи августи соли равон таҳиягари украинӣ Олеҳ Сентсовро ба 20 соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум карда буд. Аз ин пеш Олександр Колченко ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.

Таҳиягари шинохта ва ва се нафари дигар - Олександр Колченко, Олексий Черний ва Геннадий Афанасев 10 майи соли 2014 аз сӯи кормандони амниятии Русия бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи террористӣ дар нимҷазираи Қрим, оташ задани бинои созмони «Ҷамоати русҳои Қрим», дафтари ҳизби «Русияи воҳид» ва тарҳрезии тарконидани муҷассамаи Ленин дастгир шуда буданд. Черний ва Афанасев бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ ба 7 солии маҳбас маҳкум шудаанд.

Олеҳ Сентсов дар ибтидои мурофиа дар шаҳри Ростови соҳили Дон гуфт, ки додгоҳро эътироф намекунад. Ӯ иттиҳомро қатъӣ рад кард ва гуфт, ки он тақаллубист ва ангезаи сиёсӣ дорад. Сентсов эълом дошт, ки ӯро барои ширкат дар эътирозҳо дар Майдони Киев ва талошҳои дар ихтиёри Украина боқӣ мондани Қрим муҷозот карданианд.

Созмони Amnesty International ё Афви байнулмилал ва Маркази ҳуқуқи башари Русия "Мемориал" Сентсов ва Колченкоро маҳбусони сиёсӣ эълон карданд. Украина ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аз болои Русия барои ҳукми додгоҳи Олеҳ Сентсов ва Олександр Колченко шикоят бурдааст.

XS
SM
MD
LG