Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи 24 ноябр бо мақомоти Исроил ва Фаластин ба хотири коҳиши авзоъ гуфтушунид мекунад. Бар асари ҳамлаҳои фаластиниҳои мусаллаҳ бо корд 19 исроилӣ кушта шуданд. Исроил мегӯяд, ки нерӯҳояш 89 фаластинӣ, асосан ҳамлагаронро, ҳадафи тир қарор додаанд.

Ҷон Керрӣ мегӯяд, дар ин сафараш ба минтақа мавзӯъи эҳёи раванди сулҳ миёни Исроилу Фаластин матраҳ нахоҳад шуд ва ӯ мехоҳад ба хатми хушунат, ки аз моҳи сентябр ба ин сӯ идома дорад, мусоидат кунад, зеро “мардум наметавонанд дар вазъи террори ҳамарӯза ва хатари ҳадафи ҳамла ё тир шудан зиндагӣ кунанд”.

Ҷон Керрӣ бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху мулоқот кард ва дар Каронаи бохтарии руди Урдун бо раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дидору гуфтугӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG