Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамилов. Лағви муҳосира чанд шарт дорад


Мустафо Ҷамилов
Мустафо Ҷамилов

Гуфтушунид дар бораи эҳёи интиқоли нерӯи барқ ба Қрими илҳоқшуда аз ҷониби Русия танҳо баъди озод шудани маҳбусони сиёсӣ аз сӯйи Москва имконпазир аст. Ии изҳороти вакили парлумони Украина, яке аз роҳбарони тоторҳои Қрим Мустафо Ҷамилов, рӯзи 24 ноябр нашр шуд.

Ба гуфтаи Ҷамилов, мамнуияти вуруди ӯ ва раиси Маҷлиси мардуми қриму тотор Рефат Чубаров ба Қрим ҳам аз байн бурда шавад ва «созмонҳои байналмиллалӣ ҳам ҳаққи назорати вазъи ҳуқуқи инсон дар нимҷазираро дошта бошанд".

Агар ин шартҳо иҷро нашаванд, барқарории хати барқе, ки тавассути он ба нимҷазираи Қрим нерӯи барқ интиқол дода мешавад, имконнопазир аст, гуфтааст Ҷамилов,

Дар нимҷазираи Қрим, ки аз сӯи Русия «ишғол» шудааст, наздики 1,5 миллион сокинон бе нерӯи барқ мондаанд. Зеро Украина баъди канда шудани ду хатти барқ интиқоли барқ ба Қримро қатъ кард.

XS
SM
MD
LG