Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати дифои Русия дар бораи суқути ҳавопаймоии ҷангии СУ-24 дар Сурия “бар асари тири тӯпхона аз замин” хабар дод. Масъулини вазорат бо пахши як изҳорот рӯзи 24 ноябр, аз сӯи ин ҳавопаймо халалдор кардани ҳарими ҳавоии Туркияро рад намуданд.

Аз ин пеш расонаҳои туркӣ дар бораи аз сӯи ҳавопаймоҳои низомии кишвар суқут додани як ҳавопаймои ҷангии ношинос хабар доданд. Мақомоти низомӣ рӯзи сешанбе ба расонаҳо гуфтанд, ки ҳавопаймои туркии F16s қабл аз тирборон кардан ба ҳавопаймои номаълум, ки ҳарими ҳавоии кишварро дар марз бо Сурия халалдор карда буд, се бор ҳушдор дод то минтақаро тарк намояд.

Расонаҳо навиштанд, ки ду халабон худро тавассути парашют аз ҳавопаймо берун андохтанд. Хабаргузории туркии Доган навиштааст, ки чархболҳои русӣ ба ҷустуҷӯи халабонҳои ҳавопаймои суқуткарда пардохтаанд.

Аз ин пеш ҳавопаймоҳои низомии Русия, ки аз нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ҳимоят мекунанд, чанд бор вориди ҳарими ҳавоии Туркия шуданд ва ин боиси моҷарои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳам шуда буд.

XS
SM
MD
LG