Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Монруж камарбанди як маргталаб ошкор шуд


Дар канори Порис як камарбанд бо маводи тарканда ва телефони дастии шахсе пайдо шуд, ки гуфта мешавад, дар ҳамлаҳои террористии шоми 13 ноябр дар пойтахти Фаронса ширкат дошт. Дар ин бора рӯзи 24 ноябр хабаргузории Reuters бо такя ба як манбаи наздик ба тафтишот хабар дод.

Фаронсаву Белгия ҷустуҷӯи Салоҳ Абдусаломро идома медиҳанд – ӯ чанд соат баъд аз ҳамлаҳо аз Порис ба Брюссел баргашт ва то ҳол дар озодист. Телефонии дастии Салоҳ Абдусаломро пас аз ҳамлаҳои террористӣ аввал дар маҳаллаи 18-уми Порис, ки он ҷо мошини иҷорагирифтааш ошкор шуд ва баъдан дар минтақаи Шатилён, воқеъ дар ҷануби Фаронса, сабт карданд.

Айни ҳол кормандони амниятӣ камарбанд бо маводи таркандаро меомӯзанд, ки дар як қуттии ахлот дар шаҳри Монруж, воқеъ дар ҷануби Порис ва дар наздикиҳои Шатилён, ошкор шуд. Мақомоти полис мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки ин камарбанд ба Салоҳ Абдусалом тааллуқ дошт ё на. Бар пояи яке аз фарзияҳо, Салоҳ Абдусалом мехост худро дар маҳаллаи 18-уми Порси инфиҷор кунад, аммо бо чӣ далеле тасмимашро дигар кардааст. Манбаъҳо дар полис мегӯянд, ки шояд айб дар камарбанд буд.

Бар асари ҳамлаҳо дар пойтахти Фаронса шоми 13 ноябр 130 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG