Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Рӯзи парчами миллӣ


Хабарнигори Озодӣ Ганҷинаи Ганҷ бо парчами Тоҷикистон

Хабарнигори Озодӣ Ганҷинаи Ганҷ бо парчами Тоҷикистон

Мақомоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар роҳпаймоии бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ беш аз 30 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар роҳпаймоии бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе беш аз сӣ ҳазор нафар иштирок кардаанд. Ризо Ризозода, як масъули Кумитаи ҷавонон 24 ноябр гуфт, ин раҳпаймоӣ соати 11 аз назди муҷассамаи Абӯалӣ Сино оғоз ёфта, дар майдони "Дӯстӣ" ба анҷом расидааст.

Оқои Ризозода гуфт, иштирокдорони роҳпаймоӣ бо хоҳиши худ ба кӯчаҳо баромадаанд ва ҳар кадоме аз онҳо дар даст парчам доранд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гӯшаҳои пойтахт ва бахусус маркази Душанбе чораҳои шадиди амниятӣ андешидаанд. Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) низ эълон кардааст, ки ба хотири раҳпаймоии ҷавонон ва ҷашни асосии парчами миллӣ дар "Наврӯзгоҳ" ҳаракати худравҳо дар баъзе аз роҳҳои пойтахт маҳдуд хоҳад шуд.

​Дар ҳамин ҳол, ​Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Рӯзи парчами миллӣ бо пахши паёми табрикӣ сокинонро "ба муттаҳидӣ ва зиракию ҳушёрии сиёсӣ" даъват кард. Ӯ гуфт, ки "парчами давлати тозаистиқлол дар даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 мардуми кишварро муттаҳид сохта, давлатдории миллиамонро аз нобудшавӣ наҷот бахшид ва пеши роҳи парокандагии миллати тамаддунсози тоҷикро гирифт."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома парчамро "василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон" номид.

Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон шурӯъ аз 24-уми ноябри соли 2009-ум таҷлил мешавад. Ба унвони як рамзи муҳими давлати Тоҷикистон парчам, 23 соли пеш дар ҷараёни иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тасдиқ шудааст. Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, соли 2009 санадеро ба имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мешавад. Тоҷикистон баъд аз Туркманистон дувумин кишвари Осиёи Марказист, ки иди парчами худро ҷашн мегирад. Аммо ба фарқ аз Туркманистон Тоҷикистон ин рӯзро рӯзи таътил эълон накардааст.

Чор сол пеш дар ҷараёни ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон, 9-уми сентябри соли 2011 сутуни 165-метрии парчами миллӣ дар маркази Душанбе барафрохта шуд ва он вақт номи кишвар аб китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Сохтмони ин миларо ширкати “Trident Support” ва маблағгузориашро "Талко" ба ӯҳда доштанд.

Душанбе то ҳол эълон накардааст, ки барои сохтани ин мила чӣ миқдор пул сарф кардааст. Аммо коршиносон бо такя ба нархи милаи парчамҳои тақрибан ҳамсон дар Озарбойҷон ва Туркманистон мегӯянд, харҷи ин сохтмон зоҳиран на камтар аз 10 миллион долларро ташкил додааст.

Вале моҳи сентябри соли гузашта Арабистони Саудӣ бо насби сутуни парчами 171-метрӣ аз Тоҷикистон пеш гузашт ва ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Ин сутуни баландтарини парчам бахшида ба 84-умин солгарди Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар майдони масоҳаташ 26 ҳазор метри мураббаъ насб гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG