Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазияи кордкашии шогирд ба сари муаллим ба додгоҳ рафт


Омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 27 дар ноҳияи Бохтар Давлат Тошев

Омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 27 дар ноҳияи Бохтар Давлат Тошев

Додгоҳи ноҳияи Бохтар қазияи кордкашии Усмоналӣ Амонов ба сари муаллими тарбияи ҷисмонӣ Давлат Тошевро ба баррасӣ гирифтааст. Ин ҳодиса моҳи сентябри соли ҷорӣ рух дода буд.

Додгоҳи Бохтари вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи Усмоналӣ Амонови 23-сола оғоз кардааст, ки барои кордкашӣ ба сӯи Давлат Тошев – муаллими тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 27-и ҳамин ноҳия ва захмӣ кардани ӯ айбдор мешавад. Ин ҳодиса дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ рух дода ва таҳқиқи қазияро додситонии Бохтар ба ӯҳда доштааст. Аммо то ҳол на намояндагони додситонӣ ва на масъулони додгоҳ қазияро расман шарҳ намедиҳанд.

Саидраҳмон Давлатзода -- раиси Додгоҳи ноҳияи Бохтар 24 ноябр ба Озодӣ гуфт, ки ин парванда тоза ба дасти онҳо расидааст ва то эълони ҳукм ҳанӯз фурсат доранд. "Ин парвандаро нав оварданд. Аввал қазияро меомӯзем, назари ҷонибҳоро мепурсем ва баъд метавонем тафсилоту хулосаи худро бигӯем. Аз ҳоло қазоват кардан барвақт аст," – афзуд ӯ.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Усмоналӣ Амонов, сокини ҷавони ноҳияи Бохтар, тибқи моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ – "авбошие, ки бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда, дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок" – боз шудааст, ки аз 5 то 7 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Ҳодисаи кордкашӣ ба омӯзгор ва захмӣ шудани ӯ 11 сентябри соли ҷорӣ дар мактаби рақами 27-и ҷамоати деҳоти "Сарвати истиқлол"-и ноҳияи Бохтар рух додааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, кордкашӣ ба сӯи Давлат Тошев баъди он сар задааст, ки ӯ шогирдаш Аҳлиддин Амоновро барои гӯё беҳудагардӣ сарзаниш мекунад ва дар ҷавоб дашном мешунавад.

"Омӯзгор пас аз шунидани дашноми Аҳлиддин як шаппотӣ ба рӯи ӯ зад. Аҳлиддин модару бародаронашро ба саҳни ҳавлии мктаб овард, ки дар миёнашон Усмоналӣ Амонов ҳам буд. Дар лаҳзаҳои баҳс бо омӯзгор Усмоналӣ бо корди ошхона, ки ҳамроҳаш оварда будааст, ба пушти омӯзгор зад," – гуфт яке аз шоҳидон ба шарти он ки номаш бурда нашавад.

Давлат Тошев, омӯзгори мактаби рақами 27 дар ноҳияи Бохтар, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҷойи халидаи корд дигар дард намекунад, аммо ӯро бештар беэҳтиромии шогирдонаш – бародарон Аҳлиддин ва Усмоналӣ – азият медиҳад. "Ҳоло сиҳат шудаам, ба кор ҳам меравам. Захми танам сиҳат шудааст, шогирдро низ бахшидам, аммо беҳурматӣ ба омӯзгор аз дилам намеравад," – гуфт Давлат Тошев.

Адҳам Амонов, падари Усмоналӣ Амонов, аз сӯҳбат дар бораи қазияи писараш худдорӣ кард, вале хеле кӯтоҳ гуфт, ки аз кори кардаи писараш дар хиҷолат аст.

Ин ҳодисаи аввали ҳамлаи шогирд ба омӯзгор дар мактабҳои вилояти Хатлон нест. Соли гузашта Зафар Эмомов, омӯзгори ҷавони "Омодагии дифоъ"-и мактаби шумораи 12-и ноҳияи Панҷ, ки мехост ба ҷанги хонандагон хотима диҳад, низ мавриди латту кӯби шадиди шогирдон қарор гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG