Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо донишҷӯи хориҷӣ дар Саранск


Дар ҷараёни як маъракаи зиддитеррористӣ дар шаҳри Саранск, пойтахти Ҷумҳурии Мордоваи Русия ҳудуди 900 нафареро, ки дар ин шаҳр ғайриғонунӣ ба сар мебурданд, дастгир кардаанд. Аз ҷумла 465 сокини ғайриқонунӣ ҳангоми тафтиши 656 манзил дар ҳудуди ноҳияи Октябр ва 319 тани дигар дар ҷараёни тафтиши 1179 манзил дар ҳудуди ноҳияи Ленин ошкор шудаанд. Мақомоти Саранск гуфтаанд, ин 319 нафари ахир донишҷӯёни Донишгоҳи Мордова аз Тоҷикистон, Украина, Арманистон, Озарбойҷон ва Ироқ будаанд, ки дар хобгоҳ зиндагӣ кардан нахоста, иҷора менишастанд. Дар рафти амалиёт ҳамчунин чанд манзиле, ки сокинонашон самогон (машруботи худсохт) тавлид мекарданд, ва ҳам чанд фоҳишахона ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG