Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти 4 моҳ аз гум шудани як марзбони қирғиз дар марзи вилояти Ӯш бо ноҳияи Ҷиргатоли Қирғизистон ҷустуҷӯи ин сарбоз то ҳол натиҷае надодааст. Бексултон Баҳриддинови 19-сола, ки дар тирамоҳи соли 2014 ба хидмат даъват шуда, дар посгоҳи Қарамиқ хидмат мекард, рӯзи 23 август ҳангоми шикор раҳгум задааст ва то ҳол дараке аз ӯ наёфтаанд. Марзбонҳои Қирғизистон мегӯянд, ба хотири пайдо кардани ин сарбоз қаламрави Тоҷикистонро низ ҷустуҷӯ кардаанд, вале бенатиҷа. Дар робиста ба гум шудани ин сарбоз алайҳи фармондеҳ ва муовини фармондеҳи қисми марзбонии Қарамиқ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва ин парванда ҳоло барои баррасӣ ба додгоҳи низомии вилояти Ӯш ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG