Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондону Порис бо террор шадидтар меҷанганд


Фаронсаву Бритониё зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро дар Сурия ва Ироқ афзоиш хоҳанд дод. Дар ин бора раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд рӯзи 23 ноябр дар Порис баъд аз гуфтушунид бо нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон хабар дод.

Ӯ тайид кард, ки киштии бузурги "Шарл де Голл" ба Баҳри Миёназамин фиристода шуд ва он дар маъракаи низомӣ алайҳи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ширкат мекунад.

Дэвид Кэмерон, дар навбати худ, хабар дод, ки онҳо бо Ҳолланд дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ба созиш расиданд. Лондон ва Порис, аз ҷумла, табодули иттилоъ дар бораи ҳавопаймоҳои мусофирбарро бештар хоҳанд кард.

Франсуа Ҳолланд ва Дэвид Кэмерон қабл аз гуфтушунид аз толори консертии "Батаклан" дидан карда, ёди қурбониёни ҳамлаҳои Порисро гиромӣ доштанд.

Бар асари ҳамлаҳо дар Порис шоми 13 ноябр 130 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG