Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳром Холназаров раҳбари Сарраёсати консулгарии Тоҷикистон шуд


Баҳром Холназаров

Баҳром Холназаров

Баҳром Холназаров, сафири собиқи Тоҷикистон дар Қазоқистон раҳбари Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии кишвар таъин шудааст.

Баҳром Холназаров -- сафири пешини Тоҷикистон дар Қазоқистон бо як фармони вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов раҳбари Сарраёсати консулгарии Тоҷикистон таъин шудааст. Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷӣ, 23 ноябр бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, "ин таъинот дар охири ҳафтаи гузашта сурат гирифт".

Холназаров дар моҳи июни соли гузашта бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон барканор шуда буд. Ҳоло Назирмад Ализода сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон аст.

То мансуб шудани Баҳром Холназаров ба вазифаи раҳбари Сарраёсати консулгарии Вазорати хориҷӣ дар ин курсӣ Ҷамшед Каримов ифои вазифа мекард. Ӯ бо як фармони раисиҷумҳур муовини вазири молияи Тоҷикистон таъин гардидааст.

Баҳром Холназаров, ки аз наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон дониста мешавад, то таъин шуданаш ба вазифаи сафири кишвар дар Қазоқистон сардори яке аз бахшҳои консулгарии Тоҷикистон буд. Ин таъинот дар ҳоле сурат мегирад, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба сохтмони бинои нави Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд. Ин бино аз 9 ошёна иборат аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG