Пайвандҳои дастрасӣ

Бозсозии роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара


Азнавсозии шоҳроҳи Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом-Исфара баҳори соли оянда шурӯъ хоҳад шуд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар 3 моҳи оянда масъалаи ташкиливу техникӣ ва лоиҳакашӣ ба анҷом расида, сипас кори васеъву мумфарш кардани ин шоҳроҳ оғоз меёбад. Барои анҷоми таҷдиди ин шоҳроҳ 56 миллион доллар сармояи хориҷӣ ихтисос дода шудааст.

Ин шоҳроҳ дорои дараҷаи дуюми байналмилалӣ буда, дар Конибодом то марзи Узбакистон ва дар Исфара то сарҳади Қирғизистон мерасад. Инчунин, шоҳроҳи Хуҷанд - Исфара барои Қирғизистон низ ягона роҳи мошингард то сарҳади Узбакистон мебошад. Тибқи нақшаи азнавсозии шоҳроҳи мазкур, корҳои ободонии ду тарафи он аз қабили гулкорӣ, чароғонкунӣ ва таъмири биноҳои атроф низ ба анҷом расонда мешаванд.

XS
SM
MD
LG