Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷараёни амалиёти зиддитеррор дар Брюссел ва атрофи он 16 нафар боздошт шуданд. Аммо, тавре намояндаи додситонии федеролии Белгия Эрик ван дер Сипт рӯзи 23 ноябр хабар дод, яке аз гумонбарони асосӣ дар ташкили ҳамлаҳо дар Порис Салоҳ Абдусалом то ҳол дастгир нашудааст.

Дар пойтахт ва атрофи он дар маҷмӯъ 22 рейд баргузор шуд. Ба иттилои Би-Би-Си, дар ҷараёни яке аз онҳо дар шаҳри Моленбек, воқеъ дар канори Брюссел, як боздоштшуда ҳангоми талоши фирор маҷрӯҳ шуд.

Дар пойтахти Белгия сатҳи баландтарини хатари террористӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора нахуствазир Шарл Мишел дар сӯҳбат бо хабарнигорон хабар дод. Айни ҳол дар Брюссел мактабу донишгоҳҳо баста шуда, метро кор намекунад. Ҳама чорабиниҳои бузург дар ин шаҳр лағв карда шудаанд. Сатҳи баландтарини хатари террористӣ рӯзи ҷумъа эълон шуда буд. Мақомоти Белгия хавф доранд, ки дар Брюссел ҳамлаҳое ҳамсони ҳамлаҳои Порис рӯй медиҳанд.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон рӯзи 23 ноябр мавзӯи ҳамкорӣ дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро баррасӣ хоҳанд кард. Онҳо қабл аз гуфтушунид аз толори консертии "Батаклан" дидан карда, ёди қурбониёни ҳамлаҳои Порисро гиромӣ доштанд.

Бар асари ҳамлаҳо дар Порис шоми 13 ноябр 130 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG