Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ дар боғе дар ИМА 16 касро маҷрӯҳ кард


Бар асари тирандозӣ дар як боғи фароғатии шаҳри Орлеани Нав, воқеъ дар аёлати Луизианаи ИМА, дасти кам 16 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои полис, рӯзи 22 ноябр, дар ҳоле, ки дар ин боғ тақрибан 500 нафар ҷамъ омада буданд, миёни ду гурӯҳи ҷиноӣ тирпароонӣ шурӯъ шуд.

Дар бораи боздошти муҷримон алҳол иттилое зери даст нест.

Мақомоти полис гуфтанд, ки ба зудӣ сабабҳои рӯх додани ин ҳодисаро муқаррар мекунанд.

XS
SM
MD
LG