Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистонро заминларзаи нерӯяш 5.9 дараҷаи Рихтер такон дод. Ба гуфтаи мансабдорони афғон, маркази заминларза, ки шоми 22 ноябр ба вуқӯъ пайваст, дар як минтақаи дуру камаҳолии Бадахшон, дар наздикиҳои марз бо Покистону Чин ва Тоҷикистон буд.

Муҳаммад Аслим Сайёс, муовини раиси Раёсати ҳолатҳои изтирории Афғонистон рӯзи 23 ноябр гуфт, ки дар бораи қурбониён ё харобиҳои офати табиӣ иттилое нарасидааст.

Ларзиши заминро сокинони шимоли Афғонистон, шимоли Покистон ва Ню-Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон ҳам эҳсос карданд.

Тақрибан як моҳ пеш, рӯзи 26 октябр, дар ҳамин минтақаи заминларзаи мудҳиш рӯй дода буд, ки дар он беш аз 350 нафар ба ҳалокат расиданд. Дастикам 241 кушта ва 1600 маҷрӯҳ танҳо дар Покистон сабт шудаанд. Дар Афғонистон бар асари ин офати табиӣ дастикам 115 нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Заминларза дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон нӯҳ хонаро пурра ва 31 манзили дигарро қисман тахриб кард.

XS
SM
MD
LG