Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толстой то охири сол дар боздошт мемонад


Тоҳир Султонов баъд аз ҳамлаи Дмитрий Толстой

Тоҳир Султонов баъд аз ҳамлаи Дмитрий Толстой

Дмитрий Толстой -- сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки барои захмӣ кардани сокини вилояти Хатлон, ронандаи таксӣ Тоҳир Султонов айбдор мешавад, то охири моҳи декабри соли ҷорӣ дар боздошт хоҳад монд. Ин қарорро охири ҳафтаи гузашта Додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-и пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон содир кардааст. Як мақоми наздик ба Додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-ум рӯзи 23 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин тасмим ба хотири анҷоми пурраи тафтишоти парвандаи Дмитрий Толстой гирифта шудааст".

Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа, рӯзи 21 август ба сару гардан ва пову шиками Тоҳир Султонов беш аз 30 корд задааст. Ин таксирони тоҷик 10 рӯз дар беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон бистарӣ буд.

Хонаводаи таксирон мегӯянд, ки рагҳои дасти рости Тоҳир Султонов бо зарбаҳои корди Толстой канда шуда, панҷаҳояш аз ҳаракат мондаанд. Онҳо 3 сентябри соли ҷорӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, барои табобати писарашон ба маблағи беш аз 6 ҳазор доллар дору ва хун харидаанд ва барои идомаи табобаташ аз пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон кумак хоста, муҷозоти Дмитрий Толстойро тақозо кардаанд.

XS
SM
MD
LG