Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавонро дар Узбакистон баъди шикояташ аз камбуди газу нирӯи барқ боздошт кардаанд.

Бо фарорасии фасли сармо сокинони Узбакистон ба камбуди шадиди нерӯи барқу газ мувоҷеҳ шуда ва гуфта мешавад, афроде, ки аз ин мушкил шикоят мекунанд, боздошт хоҳанд шуд.

Муҳаммадризо Эргашеви 20-сола, ки рӯзи 19 ноябри соли ҷорӣ аз тариқи Радиои Озодӣ аз камбуди нерӯи барқ ва газ дар маҳалли зисташ шикоят карда буд, аз ҷониби кормандони милиса дастгир шудааст.

Муҳаммадризо Эргашев

Муҳаммадризо Эргашев

​Ба гуфтаи пайвандони Муҳаммадризо, соати 22.30-и шаби 20 ноябр се корманди милиса ба манзили Муҳаммадризо дар деҳаи Ойими вилояти Андиҷон омада, ӯро зӯран бо худ бурдаанд.

Гуфта мешавад, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин ҷавонро ба ҷурми ҳамҷингаройӣ ё “бачабозӣ” муттаҳам карда ва мумкин аст, ӯ ба муддати 3 сол равонаи зиндон шавад.

Пайвандони Муҳаммадризо зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттиҳомро сохта хонда ва гуфтанд, ки ӯ ба далели эътирози ошкор дар мавриди камбуди шадиди нерӯи барқ ва газ дар фасли сармо боздошт шудааст.

Ҳамзамон, кормандони милиса ба пайвандони Муҳаммадризо ҳушдор додаанд, ки дар сурати “аз камбуди нерӯи барқ воҳима андохтан” ҳамаи онҳо зиндонӣ хоҳанд шуд.

Саидҷаҳон Зайналобиддинов, фаъоли ҳуқуқи башар дар вилояти Андиҷон, зимни сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ дар рӯзи 30 октябри соли ҷорӣ дар мавриди норизоиятии ҳазорҳо нафар аз камбуди нерӯи барқ ва газ хабар дода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG