Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии дзюдо дар Чин


Комроншоҳи Устопириён (аз тарафи рост)
Комроншоҳи Устопириён (аз тарафи рост)

​Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Тсиндаои Чин ноком шуданд.

Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо (Judo Grand-Prix Qingdao 2015), ки рӯзҳои 21-22-юми ноябр дар шаҳри Тсиндаои Чин баргузор шуд, шикаст хӯрданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 373 варзишгар (243 мард ва 139 зан) аз 59 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт.

Дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо дар Тсиндаои Чин Тоҷикистонро панҷ гуштигир дар сабқати мардон намояндагӣ карданд.

Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Айтбол Айтбек (Қазоқистон) ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Аксел Клергет (Фаронса) мағлуб гашт.

Саидҷалол Саидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар даври аввал бар Гуан Зи Лу (Тайван) дастбло шуд, вале дар даври дувум аз Карл-Ричард Фрей (Олмон) шикаст хӯрд.

Се намояндаи дигари Тоҷикистон дар нахустин даври мусобиқа ноком шуданд. Фарҳод Раҳимов ва Сафарбек Муродов, ҳарду дар вазни то 81 кило, дар нахустин рақобати худ шикаст хӯрданд. Раҳимов аз Асаф Чен (Исроил) ва Муродов аз Лоренсо Насименто (Испания) мағлуб гаштанд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило аввалин қувваозмоияшро ба Сунг-Мин Ким (Кореяи Ҷанубӣ) бохт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медали тилло 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Муғулистон (2-2-2) ҷойи дувум ва мунтахаби Озарбойҷон (2-1-3) ҷойи севумро гирифтанд.

Дар ин мусобиқа варзишгарон, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG