Пайвандҳои дастрасӣ

​“Равшан” –и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон гардид.

“Равшан” –и Кӯлоб, ки дар бозии даври охирин – 18-уми қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бар тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи имсола гардид.

Дар ин бозӣ, ки рӯзи якшанбеи22 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сурат гирифт, тақдири ҷойи севум ҳал шуд. Футболбозони шаҳри Турсунзодаро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекард, вале ба футболбозони шаҳри Кӯлоб барои гирифтани ҷойи севум танҳо ғалаба зарур буд. Ду голи легионерҳо Акуффо Гершон ва Ҳусейни Сӯҳробӣ ба дастаи «Равшан» пирӯзӣ ва медалҳои биринҷӣ овард.

«Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраро бо ҳисоби бузурги 7:1 шикаст дод. Дар ин бозӣ се голи “Истиқлол”-ро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд ва ӯ дар мусобиқаи имсола бо 22 тӯби задааш дар сабқати беҳтарин нишонзанҳо мақоми аввалро касб кард. Ҳамлагар Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Равшан”, бо 18 гол дар мақоми дувум қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” ягона дастаест дар 18 бозии мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар талхии бохтро начашидааст. Футболбозони Душанбе ба дарвозаи рақибонашон аз ҳама бештар – 95 – тӯб зада, аз дарвозаи худ ҳамагӣ 5 тӯб сар додаанд. “Истиқлол” аз ҳама камтар – 2 бозиро бо ҳисоби мусовӣ анҷом додааст. Голи 500-уми “Истиқлол”-ро дар мусобиқоти лигаи олӣ легионер Бледа Родригес дар бозӣ муқобили “Хуҷанд” зад.

Се бозии дигари даври охирини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки 22 ноябр баргузор шуд,бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт:

ССКА «Помир» — «Хайр» — 3:1

«Парвоз» — «Вахш» — 2:1

«Барқи тоҷик» — «Далерон-Ӯротеппа» — 3:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

18

16

2

0

69-5

50

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

18

12

3

3

34-21

39

3

«Равшан» (Кӯлоб)

18

10

4

4

37-26

34

4

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

18

9

6

3

31-14

33

5

«Хайр» (Ваҳдат)

18

8

5

5

21-24

29

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

18

8

2

8

18-22

26

7

“Барқи тоҷик” (Душанбе)

18

4

2

12

17-32

14

8

“Вахш” (Қӯрғонтеппа)

18

3

4

11

11-34

13

9

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

18

3

3

12

16-36

12

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

18

1

1

16

6-44

4

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 22 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 18 тӯб.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG