Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони хабарнигори “Washington Post”


Ҷейсон Ризоиён
Ҷейсон Ризоиён

Додгоҳи Эрон хабарнигори рӯзномаи амрикоии “Washington Post” Ҷейсон Ризоиёнро равонаи зиндон кардааст. Хабаргузории расмии ИРНО рӯзи 22 ноябр аз сухангӯи қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусейн Мӯҳсинии Эҷеӣ нақли қавл кард, ки гуфтааст, “ҳукми Ҷейсон Ризоиён ҳукми зиндон аст, вале ман ҷузъиёташро дода наметавонам." Вале Эҷеӣ, ки дар нишасти хабарии ҳафтагиаш дар Теҳрон сӯҳбат мекард, афзуда, ки ин ҳукм ҳанӯз ниҳоӣ нест, чунки Ризоиён метавонад ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад. Лайло Аҳсан, вакили Ризоиён ба Ассошиэйтед Пресс гуфта, ки ӯ аз ҳукми зиндони муваккилаш хабар надорад. Ризоиён дар Эрон ба иттиҳомоте, чун ҷосусӣ айбдор мешавад. Телевизиони давлатии Эрон чанд дафъа аз ӯ ҳамчун “ҷосуси Амрико” ном бурд. Вале наздикони Ризоиён ва ҳам дар “Washington Post” ин иттиҳомро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG