Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти садамавии ҳавопаймо дар Ӯш


Субҳи 22 ноябр як ҳавопаймои Boeing 737 дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон қариб дучори садама шудааст. Бино ба хабарҳо, ҳавопаймои ширкати “Авиа Траффик” ҳангоми нишаст ба далели обуҳаво аз хатти парвоз берун рафта, дар натиҷа қаноти чапаш шикастааст. Дар ин ҳавопаймо 148 мусофир ва 5 узви экипаж парвоз мекарданд. Шаш нафарро дар пайи ин садама ба бемористон бурдаанд ва феълан 4 нафар таҳти муоинаи табибон боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG