Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 ҷангӣ дар канори Налчик


Русия мегӯяд, дар як амалиёти вижа дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолӣ 11 ҷангии марбут ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” кушта шуданд. Кумитаи миллии зиддитеррори Русия рӯзи 22 ноябр дар баёнияаш гуфт, ҷангиёнро дар ҷангалзоре дар канори Налчик, пойтахти ҷумҳурии Кабардаву Балқар гирд карданд, вале онҳо муқовимати мусаллаҳона нишон доданд ва “бино ба маълумоти муқаддамотӣ, 11 бандит кушта шуданд.” Бино ба ин манбаъ, ҳамаи кушташудаҳо узви гурӯҳе буданд, ки ба “Давлати исломӣ” байъат супурдааст. Қафқози шимолии Русия дар тӯли солиён ба мавҷи ҷангҳои чирикиҳои исломгаро, ҷиноятҳои созмонёфта, баҳсҳои сиёсӣ ва рақобати байни кланҳо рӯбарӯст. Мақомоти Русия мегӯянд, аз беш аз 2 000 шаҳрвандони Русия, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундрав меҷанганд, аксараш зодагони ҷумҳуриҳои Қафқози шимолианд.

XS
SM
MD
LG