Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Обама аз Путин


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Русия бояд ба ҷои мухолифони мӯътадили президенти Сурия Башор Асад ҷиҳати тамаркуз рӯи созмони ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” қарори стротегӣ бигирад. Обама, ки рӯзи 22 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Малайзия сухан меронд, бо таъкид ба масъулияти “Давлати исломӣ” дар суқут додани ҳавопаймои мусофирбари Русия аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, то ҳамроҳ бо эътилофи таҳти раҳбарии Амрико амал кунад. Обама гуфт, Путинро зарур аст, то думболи афроде бигардад, ки шаҳрвандони Русияро куштанд. Русия аз 30 сентябр маъракаи бомбборонаш ба ҳимоят аз Башор Асадро сар кард ва баъди суқути ҳавопаймояш аҳд кардааст, ки ҳамлаҳои ҳавоияшро дар Сурия биафзояд.

XS
SM
MD
LG