Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дувуми интихобот дар Миср


Рӯзи 22 ноябр дар Миср даври дувуми интихоботи парлумонист. Ин нахустин интихоботи парлумонӣ дар Миср аз замони табаддулоти ҳарбии соли 2013 аст, ки президенти исломгаро Муҳаммад Мурсиро суқут дод. Матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, ҳудуди 3000 номзад, бо шумули 169 зан, барои 288 курсии парлумони Миср мубориза мебаранд. Овоздиҳӣ дар 13 вилоят аз 27 вилояти Миср, бо шумули пойтахт, шаҳри Қоҳира, ду рӯз давом мекунад. Дар давраи аввал, ки дар 14 вилоят дар моҳи октябр гузашт, мизони ширкати мардум чандон баланд набуд. Номзадҳои таҳти ҳимояти раисиҷумҳури кунунӣ Абдулфаттоҳ Сисӣ дар даври аввал аксари курсиҳоро ба даст оварданд. Интизор меравад, натиҷаҳои даври дувуми интихобот дар оғози моҳи декабр эълон шаванд. Созмони “Ихвонулмуслимин”-и президенти собиқ Мурсӣ, ки дар интихоботҳои солҳои 2011-2012 ҷои аввалро гирифта буд, ҳоло ғайриқонунӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG