Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Канада рӯзи 22 ноябр гуфт, як ҳавопаймои “Turkish Airlines”, ки аз Ню-Йорк ба Истамбул парвоз мекард, ба далели таҳдиди бомбгузорӣ дар фурудгоҳи Ҳалифакси Канада нишаст. Фурудгоҳи Ҳалифакс аз тариқи Твиттер хабар дод, ки ҳавопаймо амн фуруд омад ва пулис бо истифода аз сагҳои бӯгир дар дохилаш маводи тарканда меҷӯяд. Бино ба ин манбаъ, таҳдиди бомб соати 22:50 расидааст. Дар дохили ҳавопаймо 256 нафар парвоз мекарданд. Пулис аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунад ва мегӯяд, дар пайи ташхиси масъулони ин таҳдид аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG