Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қрим аз субҳи 22 ноябр вазъи фавқулодда ҷорӣ кардаанд. Мақомоти Русия гуфтанд, далели ин ҳамла ба як истгоҳи интиқоли нирӯи барқ дар Украина буд. Ин ҳамла боиси қатъи интиқоли барқ ба ҳудуди 2 миллион аҳолии нимҷазираи Қрим шудааст. Мақомоти Русия мегӯянд, ки интиқоли барқ бо хутути барқе, ки аз вилояти Херсони Украина ба Қрим кашида шудааст, ба далели таркиши манораҳояш қатъ шудааст. Қрим тавассути 4 хатти барқ аз Херсон нирӯи барқ мегирифт. Пулиси Украина рӯзи 20 ноябр гуфт, ду манораи барқ дар Херсон тахриб шудааст ва ба ин далел ду хатти интиқоли барқ ба Қрим аз кор мондааст. Русия Қримро дар моҳи марти 2014 тасарруф кард. Ин амал боиси эълони таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Русия шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG