Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди дуюми "Евромайдон" дар Украина


Таҷлили солгарди эътирозҳо дар Днепропетровск

Рӯзи 21 ноябр дар саросари Украина Рӯзи Шараф ва Озодиро таҷлил мекунанд. Ин ид ба солгарди дувуми оғози эътирозҳои маъруф ба “Евромайдон”, ки ба суқути ҳукумати рӯ ба Маскави президент Виктор Янукович мунҷар шуд, бахшида шудааст. Мақомоти давлатӣ, собиқадорони эътирозҳои “Евромайдон” ва мардуми оддӣ дар Киев рӯзи 21 ноябр дар пои муҷассамаи “Садгонаи шаҳид” ҷамъ шуданд. Ин муҷассама ба ёди эътирозгаронест, ки дар даргириҳо бо нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Эътирозҳои “Евромайдон” дар маркази Киев рӯзи 21 ноябри соли 2013, дар пайи аз имзои созишномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашидани Янукович оғоз ёфт ва моҳи феврали соли 2014 бо фирори ӯ ба Русия анҷом ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG