Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории нимарасмии Форс аз суқути як ҳавопаймои бесарнишини “хориҷӣ” дар наздикии шаҳри Шуш дар ҷануби Эрон хабар дод. Устондори Хузистон ин хабарро рӯзи 21 ноябр эълон кард, вале нагуфт, ки ин ҳавопаймо худ суқут кардааст ё суқуташ додаанд. Қаблан Эрон иддао карда буд, ки чанд ҳавопаймои бесарнишини назоратии Амрикоро суқут додааст. Аз ҷумла мақомоти Эрон дар соли 2011 гуфта буданд, ки як ҳавопаймои бесарнишини марбут ба Идораи марказии ҷосусии Амрикоро ба даст овардаанд. Эрон мегӯяд, бесарнишинҳои гирифтаашро нусхабардорӣ мекунад. Теҳрон соли гузашта аз озмоиши муваффақи ҳавопаймои бесарнишинаш, ки бар асоси яке аз чунин “ғаниматҳо” сохтааст, хабар дода буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG