Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷ дар Тоҷикистон 20% кам шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба омори нашркардаи Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар 10 моҳи аввали соли ҷорӣ теъдоди издивоҷҳо дар ин кишвар 20,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Имсол дар Тоҷикистон 53 000 ҷуфт издивоҷи худро дар идораҳои сабти ақди никоҳ сабт кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ қариб 11 000 ҷуфт камтар аст. Дар 10 моҳи аввали сол, бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 163 000 тифл ба дунё омада, 24 600 нафар, аз ҷумла ҳудуди 2 000 кӯдаки то яксола, вафот кардаанд. Ба ин тартиб, шумораи аҳолии Тоҷикистон, ки алакай ба 8,5 миллион наздик мешавад, имсол боз қариб 140 000 нафар бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG