Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон "агенти хориҷӣ" унвон шуд


Сергей Ковалёв

Сергей Ковалёв

Вазорати адлияи Русия созмони ғайридавлатии мавсум ба Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсонро ба рӯйхати созмонҳое шомил кард, ки ҳамчун “агенти хориҷӣ фаъолият доранд.” Ин қарори вазорат рӯзи 20 ноябр дар сомонаи расмиаш нашр шудааст. Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон аз сӯи вакили собиқи Думаи давлатӣ ва омбудсмени собиқи Русия Сергей Ковалёв раҳбарӣ мешуд. Ковалёв аз дигарандешони мӯътабари даврони Шӯравист, ки барои ақидаҳои сиёсиаш зиндонӣ ҳам шуда буд. Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон ба таҳқиқи масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар Русия машғул буд. Вазорати адлияи Русия қаблан бунёди “Гласност”-ро низ ба рӯйхати “агентҳои хориҷӣ” шомил кард. Дуня Миятович, намояндаи САҲА ин иқдомро “як мониаи ҷиддӣ дар роҳи фаъолияти як созмони муҳими матбуотии Русия” хонд.

XS
SM
MD
LG