Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастикам 14 ҳазораро дар Зобул рабудаанд


Силоҳбадастони ношинос дастикам 14 нафарро аз автобуси мусофирбаре дар вилояти Зобули Афғонистон рабудаанд. Як мақоми вилояти Зобул гуфт, силоҳбадастон шаби 20 ба 21 ноябр дар шоҳроҳи Кобул – Қандаҳор 3 автобусро манъ карда, 14 нафарро, ки бино ба хабарҳо, аз ақалияти қавмии ҳазораҳоянд, рабуданд. Як мақоми дигари маҳаллӣ шумори гаравгонҳоро 20 нафар мегӯяд. Ҳанӯз касе масъулияти ин одамрабоиро бар дӯш нагирифтааст. Ҳазораҳо, ки забонашон дарӣ, вале мазҳабашон шиъа мебошад, солҳо боз дар Афғонистон ҳадафи таъқиб қарор доранд. Ҳазорон тан аз ин қавм дар солҳои 90 аз сӯи ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида кушта шуданд. Дар авоили моҳи ноябр ҷангиён чанд ҳазора, бо шумули занону кӯдаконро дар Зобул сар буриданд. Қатли онҳо мунҷар ба эътирози ҳазорон тан аз ҳазораҳо дар Кобул шуд. Пулис эътирозгаронро, ки аз ҳукумат таъмини амнияташонро талаб доштанд, пароканда кард.

XS
SM
MD
LG