Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти яке аз ҳамлагарони Порис дар Туркия


Пулиси Туркия се ҷангии эҳтимолии созмони тундрави “Давлати исломӣ”, бо шумули як шаҳрванди Белгияро, ки ба ҳамдастӣ ба тарроҳони ҳамлаҳои хунини Порис айбдор мешавад, дастгир кардааст. Ба гуфтаи мақомот, Аҳмад Даҳманӣ, ки зодаи Марокаш аст, рӯзи 21 ноябр дар як меҳмонсарои пуршукӯҳ дар шаҳри Анталия дастгир шуд. Ду нафари дигар, ки бино ба хабарҳо, суриягианд, дар наздикии ин меҳмонхона ба даст афтодаанд. Бовар меравад, ки ин ду нафарро “Давлати исломӣ” барои кӯмак ба Даҳманӣ барои убури марзи Туркия бо Сурия фиристодааст. Мақомоти Туркия дар ин ҳафта 8 марокашии гумонбар ба ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ”-ро ихроҷ карда буд.

“Давлати исломӣ” як созмони тундравест, ки қисматҳое аз қаламрави Ироқу Сурияуро ишғол кардааст. Ин созмон масъулияти ҳамлаҳои хунини Порисро бар дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG