Пайвандҳои дастрасӣ

Метрои Брюссел ба далели таҳдид баста шуд


Мақомоти Брюссел, пойтахти Белгия метрои шаҳрро бастанд. Онҳо мегӯянд, ин иқдом бо тавсияи ниҳодҳои амниятӣ сурат гирифтааст. STIB – ниҳоди масъули шабакаи нақлиёти Брюссел дар баёнияе, ки рӯзи 21 ноябр дар сомонааш нашр шуд, гуфт, бастани метро “як иқдоми пешрикунанда” буда, бо тавсияи маркази бӯҳронии хадамоти умури дохила анҷом шудааст. Бино ба гузоришҳо, автобусҳо дар Брюссел ба таври маъмулӣ ҳаракат доранд, вале ба сокинон тавсия додаанд, ки дар хона бошанд. Мизони омодабош ба хатари ҳамлаи террористӣ дар Брюссел ба ҳадди болотарин, яъне “таҳдиди ногузир” бурда шудааст. Тадбирҳои амниятӣ дар Брюссел дар пайи ҳамлаҳои террористии 13 ноябр дар шаҳри Порис аст, ки 130 кушта ва беш аз 350 захмӣ ба ҷо гузошт. Абдулҳамид Абӯуд, нафари гумонбар ба раҳбарии ҳамлаҳои Порис шаҳрванди марокашитабори Белгия буд. Салоҳ Абдулсалом, як нафари дигари гумонбар дар ҳамлаҳои Порис, ки низ шаҳрванди Белгия аст, дар ҳоли фирор боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG