Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 105 муҳоҷири тоҷик аз Бошқирдистон


Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ҷумҳурии Бошқирдистон мегӯяд, аз аввали сол танҳо аз қаламрави ин ҷумҳурӣ 522 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. 322 нафар аз ихроҷшудагон аз Узбакистон ва 105 тани дигараш аз Тоҷикистон будаанд. Дар Русия то 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Бино ба омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шумори он шаҳрвандони тоҷик, ки ба далели ҳукми ихроҷ ё берункунӣ аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 322 000 нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG