Пайвандҳои дастрасӣ

​То имрӯз танҳо як варзишгари тоҷик – гурзандоз Дилшод Назаров -соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 гардидааст.

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки имрӯз, 20 ноябр, дар Душанбе, дар қароргоҳи ин кумита барпо гардид, масъалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чунон ки Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зикр намуд, дар ҳамин ҳол варзишгарони тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 талош доранд. Аз байни онҳо то ҳоло танҳо як нафар - гурзандоз Дилшод Назаров - соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур, ки таҳти раёсати дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев сурат гирифт, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки кишвар Дилшод Назаров, раиси Федератсияи гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ Саламшо Муҳаббатов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва сардори шӯъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпӣ Маҳмуд Абдуллоев роҷеъ ба омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016 таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Дар ин ҷаласа Муҳаммадшо Абдуллоев роҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия таъин гардид.

Инчунин бо тасмими кумитаи иҷроия комиссияҳои доимии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

XS
SM
MD
LG