Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳиши сафорат аз муҳоҷирони тоҷик


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 20 ноябр бо пахши изҳороти расмӣ аз ҳалокати шаҳрвандони кишвар дар садамаҳои автомобилӣ дар роҳҳои Русия нигаронӣ кардааст. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки танҳо тайи ду ҳафтаи гузашта 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар шоҳроҳҳои вилояти Маскав ва Калуга, ки ба кишварҳои ҳамҷавори Русия мепайванад, ба ҳалокат расидаанд.

Дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия яке аз сабабҳои рух додани чунин ҳодисаҳо, поён ёфтани мӯҳлати қайди семоҳаи будубош дар қаламрави он кишвар гуфта мешавад, ки баъди он шаҳрвандони Тоҷикистон гурӯҳ-гурӯҳ ба сафар мебароянд. Аммо ба гуфтаи сафорат, дар чунин сафарҳои мушкил ва тӯлонӣ, ронандагони тоҷик гоҳ-гоҳе аз мошинҳои куҳна ва фарсуда истифода мекунанд ва ҳамватанони худро ба марзҳои берун аз Русия мебаранд.

Сафорат мегӯяд, "дар чунин сафарҳо ронандагон ба хотири ҳарчи зудтар рафтуомад намудан, истироҳат намекунанд ва эҳтимоли дар сари фармони мошин ба хоби ғафлат рафтанашон зиёд аст." Ин аст, ки сафорат ба шаҳрвандоне, ки ба нияти убури сарҳад азми сафар доранд, муроҷиат кардааст, ки худ ва ҳамсафарони худро эҳтиёт намоянд. Бар асоси қонунҳои Русия, муҳоҷироне, ки муҳлати ҳузурашон дар он кишвар поён ёфтааст, бояд як муддат аз он кишвар хориҷ шаванд. Муҳоҷирони корӣ барои анҷом додани ин муқаррарот, бештар ба Украина ва Қазоқистон мераванд.

XS
SM
MD
LG