Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқ дар мавриди 519,9 километри марз


Дар ҷаласаи навбатии кумиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 19-20 ноябр дар Бишкек доир шуд, ду ҷониб бар сари тарҳи созишнома роҷеъ ба 519,9 километр марзи байни ду кишвар ба тавофуқ расидаанд. Ин 519 километр тӯли марзест, ки Душанбеву Бишкек алакай таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Аммо беш аз 400 километри боқимонда аз тақрибан 970 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол мавриди баҳсу музокироти тарафайн боқӣ мемонад. То ҳол мушаххас нашудани ин қисматҳои баҳсии марз борҳо ба бурузи танишҳо миёни сокинони манотиқи марзии ду кишвар ва ҳатто ба зардухӯрдҳо мунҷар шудааст. Дар нишасти Бишкек ба хотири ҳалли масъалаи ин қитъаҳои танишзои марз пешниҳоди ҷониби Қирғизистон ҷиҳати табодули заминҳои баҳсӣ бо ризоияти тарафайн ва бо дарназардошти назари аҳолии манотиқи марзӣ низ баррасӣ шудааст. Дар ҷаласаи Бишкек раёсати ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро Азим Иброҳим ва Аалӣ Карашев, муовинони нахуствазирони ин ду кишвар ба ӯҳда доштанд.

XS
SM
MD
LG