Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ музокирот мекунанд


Кореяи Ҷанубӣ пешниҳоди Кореяи Шимолӣ дар бораи баргузории музокироти сатҳи болоро пазируфт. Қарор аст, ки музокирот ҳафтаи оянда дар гузаргоҳи марзии Панминчжон баргузор шавад.

Хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ рӯзи 20 ноябр хабар дод, ки қарор аст ҷонибҳо ба хотири баррасии тамосҳои оянда рӯзи панҷшанбе пушти мизи музокирот нишинанд.

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 20 ноябр гуфтанд, ки гуфтушунид корӣ буда, ҳадафаш омодагиҳо ба музокироти сарони ду кишвар аст.

Музокироти ҳафтаи оянда - нахустин нишасти мақомоти ҳукуматӣ баъд аз созиши кишварҳо барои эҳёи музокирот дар сатҳи олист. Созиш моҳи август баъд аз ташдиди авзоъ ва дар остонаи ҷанги нав қарор гирифтани Пхенян ва Сеул ҳосил шуд. Бар пояи он созиш хонаводаҳое, ки баъд аз ҷанги солҳои 1950-1953 аз ҳам ҷудо шуда буданд, тавонистанд, ки моҳи октябр дубора дидори ҳам бубинанд.

Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ то ҳол дар вазъи ҷанг қарор доранд, зеро ҷанг миёни онҳо на бо созиши сулҳ, балки бо тавофуқи оташбас поён ёфта буд.

XS
SM
MD
LG